Ифтитоҳи консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Днепропетровск

Дар вилояти Днепропетровски Украина консулгарии фахрии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина хабар доданд, мутобиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи муносибатҳои консулгарӣ, дар мувофиқа бо маъмурияти ҳукумати вилояти Днепропетровск дар қаламрави вилоят консулгарии фахрии Тоҷикистон боз мешавад, ки дар қаламрави ҳавзаи консулгарӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳимоят хоҳад кард. […]

ASIA-Plus


Дар вилояти Днепропетровски Украина консулгарии фахрии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина хабар доданд, мутобиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи муносибатҳои консулгарӣ, дар мувофиқа бо маъмурияти ҳукумати вилояти Днепропетровск дар қаламрави вилоят консулгарии фахрии Тоҷикистон боз мешавад, ки дар қаламрави ҳавзаи консулгарӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳимоят хоҳад кард.

Сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов дар ин робита изҳор намудааст, ки бо назардошти аз имконоти назарраси иқтисодӣ бархӯрдор будани вилояти Днепропетровск (ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ – 25,3 млрд. $, муомилоти моли хориҷӣ дар соли 2012 – 17,5 млрд. $), густариши ҳамкориҳои иқтисодии ин вилоят бо Тоҷикистон, роҳандозии истеҳсолоти муштарак ва амалисозии Созишномаи қаблан баимзорасида дар бораи ҳамкории минтақавӣ миёни вилояти Днепропетровски Украина ва вилояти Суғди Тоҷикистон бағоят муҳим аст.

Консули фахрии Тоҷикистон дар Днепропетровск Виктор Карачун изҳор намудааст, ки баҳри фаъолияти муваффақонаи консулгарӣ ва рушди ҳамкориҳо миёни вилояти Днепропетровск ва Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард.

Виктор Карачун дар Тоҷикистон ба воя расида, пас аз хатми мактаби олӣ ба ҳайси иқтисодчӣ ва феълан ба сифати роҳбари корпоратсияи «Агротехбизнес» фаъолият дорад. Ӯ мунтазам дар кори диаспораи вилоятӣ иштирок карда, ҳамеша бо Тоҷикистон дар робита ва забони тоҷикиро балад буда, тарғибгари мусиқӣ ва фарҳанги тоҷикон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.