Хоруғ-2012: Ишораи ҳомиёни ҳуқуқ ба як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар риояи ҳуқуқи инсон

Дар гузориши натиҷаҳои мониторинги мустақили рӯйдодҳои соли 2012-и Хоруғ, ки аз ҷониби як қатор созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шуд, ба риоя нагардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳам зимни амалиёти махсуси низомӣ ва ҳам баъди анҷоми он ишора шуд. Рӯзи 10-уми сентябр дар Душанбе маросими расмии муаррифии мониторинг баргузор шуда, дар кори он тамоми намояндагони ташкилотҳои […]

ASIA-Plus


Дар гузориши натиҷаҳои мониторинги мустақили рӯйдодҳои соли 2012-и Хоруғ, ки аз ҷониби як қатор созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шуд, ба риоя нагардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳам зимни амалиёти махсуси низомӣ ва ҳам баъди анҷоми он ишора шуд.

Рӯзи 10-уми сентябр дар Душанбе маросими расмии муаррифии мониторинг баргузор шуда, дар кори он тамоми намояндагони ташкилотҳои дар мониторинг саҳмгирифта – Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Марказ оид ба ҳуқуқи инсон, Марказ оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва Фонди ҷамъиятии «Нотабене» ширкат варзиданд.

Ба гуфтаи директори ТҶ «Нотабене» Нигина Баҳриева, мониторинг моҳҳои феврал-марти соли 2013 баргузор шуда, аз хулосаҳои он чунин бармеояд, ки ҳукумат ҳуқуқ ба дарёфти ҳақиқатро риоя намекунад ва бо гузашти як сол аз амалиёт ба маълумот дар бораи сабабу ҳадафҳои он, шумори дақиқи ҳалокшудагону маҷрӯҳон дастрасӣ вуҷуд надошта, ҳамчунин пешакӣ огоҳ накардан ва ба ҷойи бехавф кӯчонидани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.

«Мо фарзияи расмии ҳалокати 22 нафар аз аҳолии маҳаллиро тасдиқ намудем, ки танҳо 2 нафарашон аз аҳолии осоишта будаанд. Мо танҳо 25 ҳолати захм гирифтанро ҳуҷчатгузорӣ намудем, ки асосан аз тири нишонзанҳо ва аз таркишҳо ҷароҳат бардошта буданд», – иброз дошт ӯ.

Дар гузориш ҳамчунин ҷой доштани мушкилоти марбут ба ҷуброни зарари расонидашуда ба аҳолӣ низ зикр гардидааст, ки тибқи маълумоти расмӣ ҳаҷми осеб ба амволи давлатӣ, амволи шахсии сокинони Хоруғ ҳудуди 2 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Аъзои гурӯҳи мониторинг ҳамчунин бар ин назаранд, ки давлат барои муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори масъули тарҳрезӣ ва роҳандозии амалиёти низомӣ кӯшишҳои кофӣ ба харҷ надодааст.

Қобили зикр аст, ки дар посух ба шарҳи мониторинг Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аъзои гурӯҳи мониторингро ба инъикоси якҷониба айбдор кард. «Дар мониторинг маълумот оид ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, далели ихтиёран супурдани аслиҳа, ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки гувоҳи амали гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ аст, ҷой надорад, – зикр кардааст Омбудсмен ва таъкид доштааст, ки тафтиши рӯйдодҳои Хоруғ айни замон идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.