Кӯлоб: Дастгир шудани як гурӯҳи нашъаҷаллобон

Зимни амалиёти махсуси кормандон ШВКД дар шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи муташаккили машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни амалиёт ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони Кӯлоб – Фозил Боронови 45-сола, Тешахон Собирови 55-сола, Гурез Лоиқови 54-сола ва сокини 41-солаи ноҳияи наздимарзии Шӯрообод […]

ASIA-Plus


Зимни амалиёти махсуси кормандон ШВКД дар шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи муташаккили машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни амалиёт ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони Кӯлоб – Фозил Боронови 45-сола, Тешахон Собирови 55-сола, Гурез Лоиқови 54-сола ва сокини 41-солаи ноҳияи наздимарзии Шӯрообод Садриддин Сафаралиев дастгир шудаанд.

«Дар вақти азназаргузаронии  автомашинаи тамғаи «Дейво-Сиело», ки ба шаҳрванд Т.Собиров тааллуқ дошт, ба миқдори 7 кг 500 грамм маводи нашъадори навъи «бангдона» ва 4 кг маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», – зикр мегардад дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.