Даъвати сафир аз амрикоиҳо ҷиҳати пайвастан ба амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон


Зимни мулоқоти рӯзи 18-уми сентябри сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо конгрессмени амрикоӣ Ҳаким Ҷефриз дар Вашигтон маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар мулоқот атрофи вазъи кунунӣ дар минтақаи Осиёи Марказиву Афғонистон, ташаббусҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии Тоҷикистон дар бахши ҳалли мушкилоти обиву энергетикӣ, натоиҷи Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи об (20-22-юми август, Душанбе), таҳкиму густариши робитаҳои байнипарулмонӣ ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, Н.Шамсов аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, бо назардошти имконоти мавҷудаи иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо, аз ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии амрикоӣ даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар фаъолона ба раванди амалисозии лоиҳаҳо дар бахши энергетикаву коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон бипайванданд.

Конгрессмен Ҳаким Ҷефриз сатҳи ҳамкориҳои кунунии дуҷониба дар масъалаи таъмини амнияти минтақа ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамчун вакили ҳавзаи интихоботии Бруклини Ню-Йорк ба роҳандозии робитаҳои мустақими истеҳсолӣ ва байниидоравӣ миёни корхонаҳои Тоҷикистону ширкатҳои ин қисмати шаҳри Ню-Йорк таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Бо назардошти ҳузури ҷамъиятҳои тоҷикон миёни диаспораҳои серэтникии Бруклин ва саҳми онҳо дар рушди ҳавза, ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории мутақобила дар ин самт тавофуқ ҳосил карданд.

spot_imgspot_img

Популярное