Тоҷикистон дар тамринҳои «ГРОМ-2013» иштирок мекунад

Имрӯз дар Қирғизистон машқҳои махсуси маҷмӯии байналмилалии қисмҳои мақомот ва хадамотҳои зиддимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба ҳайати қувваҳои таъиноти махсуси Қувваҳои муттаҳидаи СААД «ГРОМ-2013»  баргузор мегарданд. Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар машқҳо қисми таъиноти махсуси Агентии мазкур, Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, […]


Имрӯз дар Қирғизистон машқҳои махсуси маҷмӯии байналмилалии қисмҳои мақомот ва хадамотҳои зиддимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба ҳайати қувваҳои таъиноти махсуси Қувваҳои муттаҳидаи СААД «ГРОМ-2013»  баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар машқҳо қисми таъиноти махсуси Агентии мазкур, Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, кормандони СОБР ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Қирғизистон ва инчунин намояндагони ХФНМН Россия иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи машқҳо  гузаронидани амалиётҳои муштарак бар муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки даст бар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар задаанд, ба нақша гирифта шудааст.

«Ин машқҳо имконият медиҳанд, ки роҳҳои нави мубориза бо қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳудуди давлатҳои СААД бо назардошти он ки соли 2014 қувваҳои ҳарбии байналмилалӣ аз хоки Афғонистон  бароварда мешавад, такмил диҳанд», – гуфта мешавад дар иттилои Агентӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.