КДАМ: Пешгирии интиқоли як миқдор героин аз Душанбе ба Дубай


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли як миқдор маводи мухаддири сахттаъсири героин аз шаҳри Душанбе ба Дубай (АМА) ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита о ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни кӯшиши интиқоли 2 килову 700 грамм маводи нашъаовари героин тавассути хатсайри Душанбе-Дубай сокини 41-солаи пойтахт, модари ду фарзанд П.Д. боздошт шудааст.

«Маводи мухаддир аз пинҳонгоҳи махсус дар бағочи дастии боздоштшуда дарёфт гардид», – гуфтанд дар маркази робита бо ҷомеаи КДАМ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное