КМИР Тоҷикистон комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ таъсис дод

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон , ки рӯзи 19-уми сентябри соли равон доир гардид, дар бораи таъсиси 68 комиссияи интихоботии ҳавзавӣ дар қаламрави Тоҷикистон барои маъракаи интихоботи прзиденти мамлакат қарор қабул шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, дар ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси КМИР […]


Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон , ки рӯзи 19-уми сентябри соли равон доир гардид, дар бораи таъсиси 68 комиссияи интихоботии ҳавзавӣ дар қаламрави Тоҷикистон барои маъракаи интихоботи прзиденти мамлакат қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, дар ҷаласаи мазкур таҳти раёсати раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён ҳамчунин ҷиҳати таъсиси қитъаҳои интихоботӣ дар 24 кишвари ҷаҳон барои овоздиҳии шаҳрвандони тоҷики муқими ин давлатҳо тасмим гирифта шуд.

«Дар Русия – 24, Афғонистон – 4, Туркия, ИМА, Эрон, Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва Қазоқистон – 2-тогӣ ва Ӯзбекистон, Ҷопон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Миср, Озарбойҷон, Туркманистон ва як қатор кишварҳои аврупоӣ 1-тогӣ қитъаҳои овоздиҳӣ боз мегарданд», – зикр кард Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, бо қарори КМИР, тамоми қитъаҳои овоздиҳии дар хориҷи кишвар бозшуда ба ҳайати ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3-и пойтахт шомил мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.