Шаҳодатнома ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон тибқи барномаи нави Русия

Дар намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни Барномаи нави давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ шаҳодатномаҳои аввалин супурда шуданд. Тавре аз сафоратхонаи Русия дар ҶТ хабар доданд, пас аз мавриди амал қарор гирифтани Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ дар таҳрири […]

ASIA-Plus


Дар намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни Барномаи нави давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ шаҳодатномаҳои аввалин супурда шуданд.

Тавре аз сафоратхонаи Русия дар ҶТ хабар доданд, пас аз мавриди амал қарор гирифтани Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ дар таҳрири нав, ба намояндагии Хадамоти федералии Русия дар ҶТ беш аз 500 ариза бо дархости иштирок дар барномаи мазкур ворид шудааст.

Рӯзи 24-уми сентябр дар намояндагӣ маросими ботантанаи супурдани 9 шаҳодатномаи аввал ба иштирокчиёни барнома доир гардид. Дар ин маросим мушовир-сафири сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон Владимир Ваниев, муовини роҳбари намояндагӣ Юрий Пряхин ва роҳбари намояндагии Россотрудничество Владислав Курнушко ширкат варзиданд.

Юрий Пряхин иловатан ба соҳибони шаҳодатнома роҷеъ ба амали минбаъдаи онҳо дар доираи барнома зимни кӯчидан аз макони зист ба вилоятҳои Воронеж ва Калугаи Русия маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2006-ум, шурӯъ аз оғози Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 5,5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия кӯчонида шудаанд. Дар маҷмӯъ бошад, аллакай ҳудуди 130 ҳазор нафар ҳамватанон аз беш аз 40 кишвари дунё Русияро макони зисти минбаъда интихоб кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.