Ҳукм ба ғоратгарони манзили Алимардонов имрӯз содир намешавад

ASIA-Plus

Суди олии Тоҷикистон судури ҳукм нисбати ғоратгарони манзили муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонро ба муҳлати номуайян мавқуф гузошт. Ин ҳукм инсбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2005 манзили он замон раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, феълан муовини нахуствазир кишвар Муродалӣ Алмардонро дар ноҳияҲисор мавриди ғоррат қарор дода буданд, субҳи имрӯз бояд эълон мешуд. […]


Суди олии Тоҷикистон судури ҳукм нисбати ғоратгарони манзили муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонро ба муҳлати номуайян мавқуф гузошт.

Ин ҳукм инсбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2005 манзили он замон раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, феълан муовини нахуствазир кишвар Муродалӣ Алмардонро дар ноҳияҲисор мавриди ғоррат қарор дода буданд, субҳи имрӯз бояд эълон мешуд.

Котиби суд Шодӣ Холов ба таъхир гузоштани эълони ҳукмро ба журналистон изҳор намуда, ба ҳеҷ гунае сабаби онро шарҳ надод.

Ёдрас мекунем, ки дар амали ғорати манзили зисти Муродалӣ Алимардон шаҳрвандон Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев гумонбар дониста мешаванд. Онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи панҷ моддаи КҶ ҶТ – 104 (Одамкушӣ), 130 (Одамрабоӣ), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (Роҳзанӣ) ва 254 (Соҳиб  шудан  ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало  бо роҳи ҷиноят ба даст оварда  шудааст) муттаҳам карда мешаванд.

Моҳи июни соли 2005 се нафар шахсони мусаллаҳ манзили зисти раиси БМТ Муродалӣ Алимардонро мавриди ғорат қарор доданд. Ҳангоми ғоратгарӣ посбон ба қатл расонида шуда, автомашинаи хизматӣ рабуда шуд.

Баъдтар автомобили хидматӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ каме дуртар аз пойтахт дарёфт гардид. Дар бағочдони автомобил бо дасту пои баста посбони дигар пайдо шуд, ки осеби ҷиддие надида буд. Худи Алимардон ҳангоми ғорат дар манзилаш набуд.

Баъди чанле ВКД хабар дод, ки аз манзили зисти Алимардон 7 ҳазор доллари ИМА ва 500 сомонӣ пули нақд ва ҳамчунин ороишоти тило рабуда шудаанд.

Соли 2005 яке аз посбонони Алимардон аз рӯи ин парванда маҳкум шуда, 8 моҳ адои ҷазо кард.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 950 ҳазор муҳоҷир омаданд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.