БОР баҳри беҳбуди вазъи роҳҳои Тоҷикистон 70 млн. $ ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 70 млн. доллари ИМА ба амалисозии лоиҳа баҳри таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва рушди инклюзивӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди вазъ, сатҳи бехатарӣ, хизматгузории техникии роҳҳо ва ҳамчунин таъмини беҳбуди сатҳи некӯаҳволии аҳолии маҳаллиро маъқул шуморид. Дар иттилоияи БОР зикр мегардад, ки дар доираи амалисозии лоиҳа тақрибан […]

ASIA-Plus


Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 70 млн. доллари ИМА ба амалисозии лоиҳа баҳри таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва рушди инклюзивӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди вазъ, сатҳи бехатарӣ, хизматгузории техникии роҳҳо ва ҳамчунин таъмини беҳбуди сатҳи некӯаҳволии аҳолии маҳаллиро маъқул шуморид.

Дар иттилоияи БОР зикр мегардад, ки дар доираи амалисозии лоиҳа тақрибан дар 88 километри роҳи мошингарди Сайрон-Қарамиқ, ки қисмате аз роҳи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (АРЭС) маҳсуб меёбад ва дар километрҳои 3, 5 ва 87-и роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг роҳҳо таҷдиду таъмир ва сатҳи бехатариву хизматгузории техникиашон беҳтар мегардад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа вазъи ҳудуди 30 километр роҳҳои деҳоти ноҳияи Восеъ ва Ховалинг беҳтар гардида, дар шафати роҳ минтақаҳои истироҳат бунёд мешаванд ва дар маҳаллаҳои аҳолинишин таҷҳизоти энергияи офтобӣ насб мегарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ҳаҷми 19 млн. доллари ИМА ба лоиҳа маблағгузорӣ мекунад. Вазорати нақлиёт агентии иҷрочии лоиҳа маҳсуб ёфта, анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2017 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,1 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд. Соли 2012 ҳаҷми умумии кӯмаки молии аз ҷониби БОР маъқулшуда бо шумули маблағгузории шарикӣ ба миқдори 8,3 млрд. доллари ИМА, дар маҷмӯъ 21,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио