Тоҷикистон ба ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё даъват нашуд

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар сатҳи нахуствазирон баргузор шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласа нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ (Русия, Белорус, Қазоқистон) ширкат варзида, нахуствазирони Украинаву Қирғизистон ба сифати нозирон даъват шуда буданд. Гуфта мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар сатҳи нахуствазирон баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласа нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ (Русия, Белорус, Қазоқистон) ширкат варзида, нахуствазирони Украинаву Қирғизистон ба сифати нозирон даъват шуда буданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои мутақобила дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ баррасӣ шуда, нахуст мулоқоти хоссаи нахуствазирони панҷ кишвар ва сипас вохӯрии ҳайатҳои васеи давлатҳо доир гардид.

Дар ҳамин ҳол, ҳайати Тоҷикистон, ки дар қатори Қирғизистон номзади имконпазир ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ маҳсуб меёбад, ба чорабинии мазкур даъват нашуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки Тоҷикистон пас аз пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди се кишвар, метавонад ба узвияти он пазируфта шавад, зеро яке аз шартҳои муҳими ҳамроҳшавӣ мавҷуд будани марзи умумӣ бо кишварҳои узви ин Иттиҳод мебошад.

Интизорӣ меравад, ки то ахири соли равон Қирғизистон ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ пазируфта хоҳад шуд. Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё мақоми олии идоракунии Фазои ягонаи иқтисодӣ мебошад, ки сарони кишварҳо ва нахуствазирон ба он шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.