Зиёфати субҳонаи Оқил Оқилов дар Ню-Йорк

Рӯзи 25-уми сентябр нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар бинои қароргоҳи СММ дар Манхеттен дар доираи кори иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ ба муносибати Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об як зиёфати субҳона орост. Тавре аз намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд, зимни суханронии шодбошӣ дар ин зиёфат намояндаи домии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 25-уми сентябр нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар бинои қароргоҳи СММ дар Манхеттен дар доираи кори иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ ба муносибати Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об як зиёфати субҳона орост.

Тавре аз намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд, зимни суханронии шодбошӣ дар ин зиёфат намояндаи домии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ба ҳозирин дар бораи натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (20-21-уми август, Душанбе) мухтасар маълумот дод.

Аслов таъкид намуд, ки дар кори конфронс намояндагони беш аз 100 давлат ва 60 созмони байнулмилаливу ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ширкат варзида, ҳадаф аз ин чорабинӣ мусоидат ба муколама ва ба даст овардани ҳусни тафоҳум, ҳамчунин таҳкими муносибатҳои шарикона ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои манфиатдор дар тамоми сатҳҳо оид ба масоили захоири обӣ маҳсуб меёфт.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба Оқилов нахуствазири Ҷумҳурии Фиҷи Ворене Бинимарам, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метереологӣ Мишел Ҷарро ва директори Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ Сихан Султоноғлуро муаррифӣ кард.

Нахуствазири Тоҷикистон зимни зиёфат зикр кард, ки соли 2013 ба охир нарасида, оид ба натиҷаҳои Соли байнулмилалии об ҳанӯз ба хулоссе расидан барвақт аст. Ӯ таъкид дошт, ки тамоми чорабиниҳои тарҳрезишуда аз ҷониби СММ дар ин робита муваффақона доир гардида, бисёре аз кишварҳои манфиатдор дар ин масъала конфронсу дигар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ доир намуданд, ки дар таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об саҳми назаррас гузоштанд.

Дар дигар суханрониҳои кӯтоҳи ҳозирин низ таъкид гардид, ки об бояд як воситаи пайвандгар ва омили таҳкими робитаҳои байнулмилалӣ бошад ва ҳеҷ гоҳ набояд ба сабаби низоъу афзоиши ташаннуҷ мубаддал гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио