Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии Тоҷикобод бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод имрӯз аз ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии мақомоти Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман […]

ASIA-Plus


Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод имрӯз аз ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии мақомоти Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид.

Дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби обро мавриди истифода қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин иншоот низ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохта шуда, дар бунёди он 1 милиону 300 хазор сомонихарҷ гардидааст. Дар ин бинои навбунёд маҷлисгоҳ ва 15 утоқи корӣ мавҷуд мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Қалъа ташриф оварда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос гардид. Тавре маълум шуд хоҷагидорон аз кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳосили зиёд рӯёнида барои таъмини зиндагии хеш ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии қалъа деҳқонон аз 1 гектар 400 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.

Ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои дуошёнаи маркази фароғатии ҷавонони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуд. Дар ин бинои навбунёд маросими ақди никоҳи 5 оилаи ҷавон баргузор гашт. Сарвари давлат ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда, барояшон бахти сафед таманно намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳия Тоҷикобод, ки соли 2010 сурат гирифт, ба масъулин оид ба сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ дастур дода буд. Дар як мудати кӯтоҳ сохтмони маҷмаъаи варзишӣ ба анҷом расонида шуда, имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тоҷикобод, ки дар минтақаи Рашт аз калонтар иншооти варзишӣ ба ҳисоб меравад, дар сохтмони он 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Варзишгоҳ дорои беш аз 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар он шароити зарурӣ ҷиҳати баргузориии мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ муҳайё мебошад.

Дар варзишгоҳи навбунёд маросими хатнасури 120 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманди ноҳия баргузор карда шуд. Қайд намудан ба мавридаст, ки базми хатнасури кӯдакон бо дастгрии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шудааст. Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио