Баррасии масоили таҳкими робитаҳои байнипарлумони дар вохӯрии Зуҳурову Наришкин

Зимни мулоқоти имрӯзаи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин масоили таҳкими робитаҳои байнипарулмонӣ баррасӣ шуда, зимнан зикр гардид, ки сафари Наришкинро дар Тоҷикистон гувоҳи тақвият ва таҳкими устувори рушду муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар […]

Аваз Юлдошев


Зимни мулоқоти имрӯзаи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин масоили таҳкими робитаҳои байнипарулмонӣ баррасӣ шуда, зимнан зикр гардид, ки сафари Наришкинро дар Тоҷикистон гувоҳи тақвият ва таҳкими устувори рушду муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, ҷонибҳо таъкид доштанд, ки дар рушди бемайлони ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷараёни амалишавии онҳо  муносибатҳои шахсии самимонаву боътимоди сарони кишварҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург дорад.

Зикр гардид, ки ҳамчун субъектҳои барбарҳуқуқи муносибатҳои байнулмилалӣ Тоҷикистону Русия дар маҷмӯъ 230 асноди байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидорӣ ба имзо расонидаанд, ки тамоми паҳлӯҳои муносибатҳоро танзим мекунанд, вале санҷиш нишон додааст, ки аз ин миқдор асноди дуҷониба 12-тоаш то ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифта, 28-тоаш машваратҳои иловагиро тақозо мекунанд.

«Дар навбати худ, Сергей Наришкин ба сифати қонуну асноди меъёрӣ-ҳуқуқии дар Тоҷикистон қабулшуда баҳои баланд дода, зикр кард, ки ин гувоҳи сатҳи баланди касбии намояндагони парлумон аст», – афзу М.Султонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.