Ду медали биринҷии дзюдочиёни тоҷик дар Гран-Прии Тошканд

Дар мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 5-6-уми октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, варзишгарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён ва дар вазни беш аз 100 кило Муҳаммад Абдураҳмонов ба ин комёбӣ ноил гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистонро ҳамчунин […]

Сайфиддин Қараев


Дар мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 5-6-уми октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, варзишгарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён ва дар вазни беш аз 100 кило Муҳаммад Абдураҳмонов ба ин комёбӣ ноил гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистонро ҳамчунин дзюдочиён Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни то 73 кило), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷалол Саидов (ҳарду дар вазни то 81 кило) намояндагӣ карданд, вале дар марҳилаҳои нахусти мусобиқот ба шикаст аз ҳарифони худ дучор гардиданд.

Гуфта мешавад, маблағи мукофотпулии мусобиқот 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, дар сурати ҳунарнаиоии хуб варзишгарон ба имтиёзҳои рейтингӣ соҳиб мешаванд. Ин имтиёзҳо дар интихоби варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба инобат гирифта мешаванд. Дар мусобиқот 150 нафар варзишгарон аз 21 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.