КМИР муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро дароз кард

Имрӯз, 7-уми октябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он масъалаи тамдид намудани муҳлати ҷамъоварии имзои  шаҳрвандон  ба тарафдории номзадҳои пешбаришуда ба мансаби президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти КМИР, зимни ҷаласа роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев […]

ASIA-Plus


Имрӯз, 7-уми октябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он масъалаи тамдид намудани муҳлати ҷамъоварии имзои  шаҳрвандон  ба тарафдории номзадҳои пешбаришуда ба мансаби президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти КМИР, зимни ҷаласа роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев гузориш дода, зикр намуд,  ки муҳлати муқаррашудаи ҷамъоварии имзоҳо имрӯз ба охир мерасад.

Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ҳуҷҷатҳои заруриро  барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КМИР пешниҳод намуданд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мавриди омӯзиши гуруҳи кории КМИР қарор гирифт.

Дар ин раванд аз ҷониби 3 ҳизби сиёсӣ ба КМИР мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки дар онҳо дархост оид ба тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо иброз гардидаанд. Пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар КМИР мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шуд.

Ин иқдоми КМИР танҳо ба хотири таъмини интихоботи демократию озод ва баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо иштироки  васеи номзадҳои пешбаригардида бо мақсади  таъмини интихоботи алтернативӣ равона карда шудааст.

Сипас КМИР дар асоси дархости хаттии Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон қарор   қабул кард, ки тибқи он муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳравандон ба тарафдории номзадҳои пешбаришаванда  то соати 18 00 рӯзи 10-уми октябри соли 2013 тамдид карда шуд.

Инчунин, ба ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  тавсия карда шуд, ки ҷамъоварии имзоҳоро то соати 18 00 рӯзи 10 – уми октябри соли 2013 ба охир расонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.