Сафир: Пойгоҳи 201-ум баҳри ҳифзи манфиатҳои Русияву Тоҷикистон хизмат мекунад

Дар мусоҳиба ба радиои «Голос России» сафири нави Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намудааст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баҳри ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистону Русия хизмат мекунад. «Дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои низомии Тоҷикистон пойгоҳ амнияти ҷумҳуриро таъмин намуда, баҳри ноил гардидан ба ин ҳадаф, Русия ба Тоҷикистон баҳри мусаллаҳ гардидан бо яроқу муҳимоти […]

ASIA-Plus


Дар мусоҳиба ба радиои «Голос России» сафири нави Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намудааст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баҳри ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистону Русия хизмат мекунад.

«Дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои низомии Тоҷикистон пойгоҳ амнияти ҷумҳуриро таъмин намуда, баҳри ноил гардидан ба ин ҳадаф, Русия ба Тоҷикистон баҳри мусаллаҳ гардидан бо яроқу муҳимоти ҷангӣ ва техникаи махсуси низомӣ мусоидат мекунад», – гуфтааст ӯ.

Ба қавли сафир, мутобиқи созишнома дар сурати ташаннуҷи вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақа, таҳдидҳо ба истиқлолияти миллӣ ва тамомияти арзии давлат ва ҳамчунин ҳамлаву таҷовуз алайҳи Тоҷикистон аз ҷониби кадом давлате ё гурӯҳи кишварҳо, нерӯҳои пойгоҳи 201-ум низ баҳри бартараф кардани он истифода мешаванд.

«Тамоми имконоти мавҷудаи пойгоҳ бар пояи қарори мувофиқашудаи сарфармондеҳони олии ҷонибҳо ва мутобиқи қонунгузории Русияву Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт», – зикр кардааст дипломати Русия.

И.Лякин-Фролов ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷонибаи дар ҳоли рушд қарордоштаи низомиву техникӣ, омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳ, нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Русияро муҳим арзёбӣ намуда, зикр кардааст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми кӯмаки низомии Русия ба Тоҷикистон беш аз 400 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар навбати худ, изҳор доштааст, сафир, Русия баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тадбирҳо меандешад. «Аз ҷумла, ин ҷо дар бораи дароз кардани муҳлати будубоши онҳо ва мушкилоти расмиёти қарордодҳои меҳнатӣ сухан рафта, ин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор доранд ва мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки онҳо ҳарчи зудтару барои тарафҳо қобили қабул ҳаллу фасл шаванд», – афзудааст дипломати русиягӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.