Президент ба сохтмони манзили нахустини 9-ошёна дар Хоруғ оғоз бахшид

spot_imgspot_img

Дата:


Имрӯз дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои истиқоматӣ бо 44 хонаи барҳаво мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Мактаби президентии шаҳри Хоруғ, ки имрӯз ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, ташриф оварда, бинои истиқоматии дорои 20 хонаро барои омӯзгорони ин мактаб мавриди истифода қарор дод.

Дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби Президенти кишвар бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони нахустин бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ дар қаламрави ин вилоят оғоз бахшида шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин бинои нӯҳошёнаи иборат аз се қисмат ва 190 хона дар зарфи се сол бо харҷи беш аз 133 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт. Хонаҳои ин бино як, ду ва сеҳуҷрагӣ буда, бо нархҳои нисбатан арзону дастрас, пеш аз ҳама ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ пешкаш хоҳанд шуд.

Як бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 24 хонаи ду ва сеҳуҷрагӣ дар ҳудуди отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ барои кормандони сохторҳои қудратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чунонки иттилоъ доданд, то соли оянда дар ҳамин мавзеъ боз як бинои дигари истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сохта ба истифода дода мешавад.

Дар ҳудуди отряди сарҳадӣ, ҳамчунин як маркази таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои беҳтарин шароити таълимӣ, корию хизматӣ ва маишӣ мебошад. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин сохтмони бинои хобгоҳи ин марказ низ идома дорад, ки то охири соли равон бо шароти муосири будубоши доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ ёфт, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. Ин бинои дорои 32 утоқи корӣ бо харҷи зиёда аз 4,2 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти озоду ошкоро ва басо самимӣ анҷом дод.

Сарвари давлат зимни суханронӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистони биҳиштосоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас кард.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...