Талаби ҳукми 8 ва 10 соли зиндон ба маҳбусон Тошев ва Ризоев

spot_imgspot_img

Дата:


Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи маҳбусон Тошев ва Ризоев аз суд дархост кард, ки барои паҳн кардани сабтҳои видеоии тӯҳматовар онҳо ба муҳлати 8 ва 10 соли зиндон маҳкум карда шаванд.

Нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев мутобиқи 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Маҳбусон аслан барои дар як қатор ВАО пайдо шудани сабти видеоие гунаҳкор дониста мешаванд, ки дар он зиндониён, аз ҷумла Ризоев ва Тошев дар назди камера аз истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон сухан гуфта, осори зарбу лати гӯё аз ҷониби кормандони муассиса гирифтаашонро намоиш медиҳанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, адвокати Тошев хабар дод, «мавқеи ҷониби айбдоркунанда аз мантиқ дур аст, зеро мо тамоми маводи парвандаро тақиқ намуда, собит сохтем, ки парвандаи ҷиноӣ сохтакорӣ шудааст».

Ба гуфтаи ӯ, ҳардуи судшавандагон он замон дар муассисаи ислоҳӣ буданд, яъне ба шабакаи Интернет дастрасӣ надошта, ба паҳн кардани ин навор тариқи ВАО имкон надоштанд.

«Тамоми нишондод муқобили онҳо мухолифанд, далеҳои шаъӣ мусодира нашудаанд ва дар парванда қариб далели шайъӣ ҷой надорад», – гуфт адвокат.

Қобили зикр аст, ки бори нахуст барои иштирок дар мурофиаи судӣ дар толори суд ба рӯзноманигорони хабаргузориҳои «Озодӣ», «Озодагон» ва «Азия-Плюс» иҷозат дода шуд. Мурофиаҳои қаблӣ пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буданд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...