Роҳиоҳанчиёни тоҷик сабаби садамаи қатораи Душанбе-Хуҷандро таҳқиқ мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:


Роҳиоҳанчиёни тоҷик сабаби ба садама дучор шудани қатораи самти Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, айни замон кормандони роҳи оҳан ва мутахассисони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ тамоми ҳолатҳои садамаро таҳлилу баррасӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол, шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар қатора 200 нафар наваскарон ва афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...