Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) фаъолият дар 9 моҳи соли равон натиҷагирӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ФБД, алъон фурудгоҳи Душанбе бо 5 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷи дур, 14 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоии кишвар –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ бо 21 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ фурудгоҳ ба 538,922 нафар мусофири рафта ва ба 415,655 мусофири омада хизмат расонидааст.
Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ин давра 1915т.867кг.- ро ташкил дод.
Ба 5339 адад рейсҳои доимӣ (мунтазам) ва 385 адад рейсҳои чартерӣ хизматрасонӣ шудааст.
Дар нӯҳ моҳи соли 2013 дар хусуси наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 683 эрод ворид гардид, ки аз онҳо 662-тояшон қонеъ карда шуданд, 21 эрод дар марҳалаи баррасӣ қарор доранд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайянкардаи Ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ – ИКАО амал намуда амнияти авиатсионӣ, мусофирон, бор ва бағоҷро пурра таъмин намуд. Мутобиқи талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи меъёрҳои байналхалқӣ амнияти пурраи авиатсионӣ тавассути воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бор ва бағоҷ, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин карда шуд.



