Зимни нишасти матбуотӣ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуд, ки КМИР ба омода кардани варақаҳои интихоботӣ оғз намуда, онҳо дар нашриёти маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» чоп ва то 27-уми октябр ба ҳавзаҳои интихоботӣ расонида мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, то 22-юми октябр таҳияи рӯйхати дақиқи интихобкунадагон бояд ба анҷом расад. «КМИР ташкили вохӯрии номзадҳои сабтиномшуда бо намояндагони 41 шаҳру навоҳиро дар нақша дошта, ин масъала имрӯз, 14-уми октябр дар ҷаласаи КМИР баррасӣ мешавад», – иброз дошт ӯ.
Дар робита ба итмоми маъракаи имзоғундорӣ, ки дар натиҷа номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова аз маъракаи интихоботӣ хориҷ шуд, ӯ зикр кард, ки «ин ба муҳити пешазинтихоботӣ ва ҷараёни интихобот таъсири ҷиддие нахоҳад гузошт».
Шоҳиён эътироф намуд, ки зимни ҷамъоварии имзоҳо дар аввал чанде аз номзадҳо ба мушкилӣ дучор шуданд, вале баъди ирсоли мактубаи расмӣ аз ҷониби КМИР ба раисони шаҳру навоҳӣ, дигар ба КМИР дар ин хусус ҳеҷ шикояте нарасидааст.
Ӯ бори дигар сабаби ҷамъоварии 210 ҳазор имзои интихобкунандагон ба ҷонибдории номзадҳоро шарҳ дод. « Дар бораи шумори интихобкунандагон мо маълумоти пешакӣ дар даст доштем. Вақте шумори имзоҳоро 210 ҳазор адад муқаррар кардем, шумори интихобкунандагон тибқи маълумоти расида, 4 млн. 22 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин танҳо шаҳрвандоне буданд, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд. Бидуни назардошти муҳоҷирон, зеро шумори дақиқи муҳоҷирон муайян набуд», – гуфт Шоҳиён.
«Тибқи маълумоти ахир, шумори интихобкунандагон 4 млн. 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. То интихобот шумори онҳо меафзояд, зеро аксари муҳоҷирон ба ватан бармегарданд», – зикр кард раиси КМИР.
Дар нишасти хабарӣ раиси КМИР аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки ҲСДТ то ҳанӯз мавқеи худро нисбати интихобот рӯшан накардааст. «Тавре ба Шумо маълум аст, ҲСДТ анҷуман баргузор накард, номзад пешбарӣ накард ва ҳатто расман дар бораи кадом номзадро дастгирӣ карданаш қарор қабул накард. Ҳизби сиёсие, ки ҳадафаш иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ аст, дар чорабиниҳои пешазинтихоботӣ иштирок намекунад. Ва ман ҳайронам, ки онҳо танҳо акнун анҷумани худро барпо мекунанд», – гуфт Шоҳиён.
Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.



