ҲСДТ мавқеи худ нисбат ба интихоботро рӯшан кард

Ахири ҳафтаи сипаришуда анҷумани VIII-уми ғайринавбатии Ҳизби сотсиал-демокартии Тоҷикистон (ҲСДТ) доир гардид. Дар қарори қабулшуда дар ин анҷуман зикр мегардад, ки ҲСДТ, ҳамчун ҳизби мубориз  барои адолати иҷтимоӣ  дар Тоҷикистон ва ҳизби мардумсолор, кӯшиш кард, ки боварии мардумро ошкорову ҳаққонӣ ба даст оварда, тибқи Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар ҷомеъа лидери сиёсӣ […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда анҷумани VIII-уми ғайринавбатии Ҳизби сотсиал-демокартии Тоҷикистон (ҲСДТ) доир гардид.

Дар қарори қабулшуда дар ин анҷуман зикр мегардад, ки ҲСДТ, ҳамчун ҳизби мубориз  барои адолати иҷтимоӣ  дар Тоҷикистон ва ҳизби мардумсолор, кӯшиш кард, ки боварии мардумро ошкорову ҳаққонӣ ба даст оварда, тибқи Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар ҷомеъа лидери сиёсӣ шудан тавассути иштирок кардан дар интихоботҳои озоду шаффоф мубориза барад, аммо, раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 бинобар набудани иродаи сиёсӣ ин маъракаи муҳим бар хилофи Конститутсия ва дар асоси тақаллуби муташаккил, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷараён дорад ва бар зидди манфиатҳои миллӣ ва демократия мебошад.

Дар ин асос чунин қарор қабул шуд:

1. ҲСДТ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013- ро, ки дар асоси қонуни номукаммал ва ноодилона, нобаробарии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, ба хусус, тақаллуби муташаккил дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ, маҳрум кардани зиёда аз якуним миллион муҳоҷирони корӣ аз ҷамъоварии имзоҳо ва ғайра хилофи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои демократӣ мешуморад.

2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ҳамчун номзад ба ин вазифа, азбаски номбурда тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳуқуқ надошт ва надорад, ва қайдгирии Э. Раҳмон ҳамчун номзад аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон амали ғайриконститутсионӣ аст. Бинобар ин натиҷаи интихобот  бо иштироки Э. Раҳмонро ғайриқонунӣ меҳисобад.

3. ҲСДТ пурра ҷонибдори Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ИНИТ) ва амалигардонии он буда, қайд менамояд, ки идеяҳои ин Консепсия асоси ислоҳоти демократӣ ва рушди Тоҷикистон мебошанд, аммо ИНИТ бо сабабҳои гуногун, таъинот ва имкониятҳои худро дар ин интихобот иҷро ва истифода карда натавонист.

4. ҲСДТ итминони комил дорад, ки танҳо ситодҳо ва гуруҳҳои ташаббускорӣ номзади ягона аз ИНИТ ба мақоми президентӣ О. Бобоназарова имзоҳоро дар асоси қонуни интихобот ҷамъ оварданд, ва О. Бобоназарова ҳуқуқи бештари қайдгирӣ ва идомаи иштирок дар интихоботро дорад. Биноан ҲСДТ аз КМИР талаб менамояд, ки комиссияи ҷамъиятии босалоҳият ба тақаллуби муташаккил дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ  баҳои воқеӣ дода, номзади ягонаро, ки ҲНИТ пешбарӣ ва ҲСДТ ва дигар аъзои ИНИТ дастгирӣ кардааст, ба қайд гирифта шавад.

5. Тоҷикистон дар ҷараёни интихоботи президентӣ  ба ҳолати бӯҳрони конститутсионӣ ворид шуд. Агар номзадии О. Бобоназарова ба мақоми Президентӣ ба қайд гирифта, номзадии Э. Раҳмон ба ин мақом бо сабаби ғайриконститутсионӣ буданаш бекор карда нашавад ё хулосаи асоснок ва тафсири воқеии қисми 4 моддаи 65 ва ҳолати эътибори ҳуқуқи гирифтани он аз тарафи Суди конститутсионӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 ноябри с. 2013 қабул нагардад, ҲСДТ  интихоботи Президентиро таҳрим мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.