Раиси пойтахт оид ба омодагӣ ба зимистони сард супориш дод

Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ доир гардид, ки дар он масъалаи омодагиҳо ба мавсими пешорӯи зимистонгузаронӣ баррасӣ шуд. Мақомоти обуҳавошиносӣ ва маркази «Росгидромет»зимистони имсола дар Тоҷикистонро сарду тӯлонӣ – аз ноябри соли равон то ахири моҳи феврал пешгӯӣ мекунанд. Маҳмадсаид […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ доир гардид, ки дар он масъалаи омодагиҳо ба мавсими пешорӯи зимистонгузаронӣ баррасӣ шуд.

Мақомоти обуҳавошиносӣ ва маркази «Росгидромет»зимистони имсола дар Тоҷикистонро сарду тӯлонӣ – аз ноябри соли равон то ахири моҳи феврал пешгӯӣ мекунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи санҷишҳои мутақобилаи аз ҷониби комиссияҳои марбута дар таносуби ноҳияҳо  оид ба  ҳолати омодагиҳои фонди манзил, муассисаҳои иҷтимоӣ  ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе суратгирифта, ба масъулин дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзил ва иншоот барои қабули гармии аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» – и ШСХК “Барқи Тоҷик” дар мавсим пешниҳодшаванда, иҷрои корҳои нақшавиро тақвият бахшанд.

Дар ин росто комиссияҳои назоратии фаъолияткунанда  вазифадор гардиданд, ки бо идома додани кори худ унвонии Раиси шаҳр оид ба ҳолати воқеии корҳои омодагӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ШСХК “Барқи Тоҷик” маълумот манзур созанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.