Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Қурбон табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тоҷикистониёнро бо фарорасии Иди Қурбон табрик кард. Дар паёми табрикотии сарвари давлат аз ҷумла зикр мегардад, ки ин ид аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор буда, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тоҷикистониёнро бо фарорасии Иди Қурбон табрик кард.

Дар паёми табрикотии сарвари давлат аз ҷумла зикр мегардад, ки ин ид аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор буда, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷашн гирифта мешавад.

«Воқеан, ин иди саид таҷассумгари эътиқод, имон, ғояҳои олии некию адолату инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад», – гуфта мешавад дарпаёси табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар паём ҳамчунин баён мегардад, ки ҳаҷ, яъне зиёрати хонаи Худо рукни панҷуми дини ислом буда, дар доираи иди Қурбон ҳусни анҷом меёбад ва дар навбати худ қурбонӣ рамзи садоқату вафодорӣ ва имону тақво ба Худои таоло мебошад.

Сарвари давлат аз тамоми шаҳрвандон даъват кард, ки дар ин ид мувофиқи имкон ба қишри камбизоати аҳолӣ дасти ёрӣ даролз кунанд.

«Изҳори итминон менамоям, ки мардуми мусулмони мо ҳангоми адои намози ид барои сулҳу суботи кишварамон, ободиву осоиши мулкамон, то абад пойдор мондани ваҳдати миллиямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ба даргоҳи Худо дуо мекунанд», – гуфта мешавад дар паём.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.