Соли равон субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон ба маблағи умумии тақрибан 30 млн. сомонӣ (630 ҳазор $) маҳсулот истеҳсол карданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи беш аз 29,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ба иттилои манбаъ, имсол дар қаламрави МОИ «Данғара» корхонаи «Ю ва Ф сервис» ба фаъолият пардохт, ки аллакай дар ҳаҷми зиёда аз 265 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Гуфта мешавад, дар МОИ «Панҷ» воқеъ дар ноҳияи Кумсангир 6 субъект ба қайд гирифта шуда, алҳол истеҳсоли маҳсулот дар онҳо роҳандозӣ нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон чор МОИ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудаанд. То имрӯз дар МОИ «Суғд» 18 субъект фаъолияташонро роҳандозӣ намудаанд, ки 11-тоашон корхонаҳои ватанӣ ва 7-тоашон корхонаҳои муштарак мебошанд.



