Кормандони милисаи вилояти Свердловски Русия як шаҳрванди тоҷикро, ки барои содир намудани ҷиноятӣ ғоратгарӣ мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, боздошт намуданд. Дар ин бора
хадамоти матбуоти ВКД Русия
хабар медиҳад.
Бо истинод ба маълумоти ВКД Тоҷикистон хабар дода мешавад, ки моҳи январи соли 2012 боздоштшуда бо се нафар ҳаммаслаконаш дар Душанбе шаҳрванди Ҳиндустонро ғорат мекунанд ва пас аз оғози парвандаи ҷиноӣ ӯ қаламрави Тоҷикистонро тарк карда, ба Русия паноҳ бурдааст.
Беш аз 1 сол ӯ дар Русия ғайриқонунӣ иқомат дошта, соли 2013 дар шаҳраки Белоярск худро ба қайд гузошта, кор мекардааст.
Дар натиҷаи анҷом додани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ кормандони милиса ӯро ошкор намудаанд. Айни замон гумонбаршуда дар ҳабс қарор дошта, ҷонибҳо масъалаи муҳлат ва механизми истирдоди ӯро ҳаллу фасл доранд.



