Зарифӣ: Ояндаи Тоҷикистон ба истифодаи пурсамари энергетика вобаста аст

Зимни суханронӣ дар Конференсияи сатҳи баланд таҳти унвони «Амнияти энергетикӣ ва рушди устувор – дидгоҳи САҲА» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки ояндаи Тоҷикистон ба истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ вобаста аст. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар медиҳад. «Дар ҳоле ки чанде аз кишварҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни суханронӣ дар Конференсияи сатҳи баланд таҳти унвони «Амнияти энергетикӣ ва рушди устувор – дидгоҳи САҲА» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки ояндаи Тоҷикистон ба истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ вобаста аст. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар медиҳад.

«Дар ҳоле ки чанде аз кишварҳои минтақа аз захираҳои бузурги нафту газ бархӯрдоранд, кишварҳои дигар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз имконоти доштаи худ дар бахши энергияи барқароршаванда пурсамар истифода кунанд. Ба сафи ин кишварҳо Тоҷикистон низ шомил буда, аз имконоти бузурги истеҳсоли барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза бархӯрдор аст», – зикр кардааст Зарифӣ.

Ҳ.Зарифӣ таъкид доштааст, ки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба истеҳсоли 527 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар буда, аз талаботи имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз се маротиба зиёдтар аст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи Рушди бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ё худ CASAREM (Central Asia – South Asia Regional Electricity Market)-ро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор кард, ки дар баробари ин татбиқи муваффақонаи марҳилаи аввали лоиҳаи CASA-1000 низ дар ин самт нақши муҳим дорад, зеро дар ин лоиҳа бунёди зерсохтор ва низоми зарурӣ барои интиқоли барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ пешбинӣ шудааст.

Ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки яке аз роҳҳои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон тақвияти ҳамкориҳо бо ин кишвар ва ҷалби фаъоли ӯ ба лоиҳаи минтақавӣ мебошад. «Дар ин робита лоиҳаи сохтмони қубури интиқолии Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон дар ташаккули заминаи глобалии амнияти энергетикӣ саҳми босазо гузошта метавонад», – иброз доштааст Ҳ.Зарифӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.