Ӯзбекони Хатлон номзадии Э. Раҳмонро дастгирӣ мекунанд

Дар маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президенти Тоҷикистон ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ хоҳанд кард. Дар Қӯрғонтеппа аз рӯи натоиҷи маҷлиси ғайринавбатии фаъолони ҷамъият аз 12 ноҳияи вилоят дар ин хусус қарор қабул шуд. Дар ҷараёни маҷлис ба роҳбарони ҷамъияти ӯзбекон дар шаҳру навоҳии вилоят супориш дода шуд, ки ба ҷонибдории […]

Сайраҳмон Назриев


Дар маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президенти Тоҷикистон ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ хоҳанд кард. Дар Қӯрғонтеппа аз рӯи натоиҷи маҷлиси ғайринавбатии фаъолони ҷамъият аз 12 ноҳияи вилоят дар ин хусус қарор қабул шуд.

Дар ҷараёни маҷлис ба роҳбарони ҷамъияти ӯзбекон дар шаҳру навоҳии вилоят супориш дода шуд, ки ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотӣ миёни аҳолии ӯзбекзабонро ба роҳ монанд.

Муовини раиси ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон Бӯрибой Парпоқов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки ба ҷуз президенти амалкунанда, онҳо дигар номзади шоистаеро ба ин мансаб намебинанд.

«Аз номзадҳои дигар мо ба хубӣ огаҳ нестем ва ба ҷонибдории онҳо овоз намедиҳем. Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон тасмим гирифт, ки якдилона аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ кунад», – гуфт Парпоқов.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.