Бозгашти зойирини тоҷик ба ватан пагоҳ оғоз мегардад

Гурӯҳи нахустини зойирини тоҷик пагоҳ, 19-уми октябр ба ватан бармегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Лола Кенҷаева хабар дод, дар доираи амалисозии қисмати дуюми барномаи давлатии «Ҳаҷ-2013» рӯзи шанбе ҳавопаймои Боинг 757-200 210 нафар зойирини тоҷикро соати 23:20-и вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасонад. «Дар маҷмӯъ аз 19-уми октябр то 4-уми ноябр […]

ASIA-Plus


Гурӯҳи нахустини зойирини тоҷик пагоҳ, 19-уми октябр ба ватан бармегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Лола Кенҷаева хабар дод, дар доираи амалисозии қисмати дуюми барномаи давлатии «Ҳаҷ-2013» рӯзи шанбе ҳавопаймои Боинг 757-200 210 нафар зойирини тоҷикро соати 23:20-и вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасонад.

«Дар маҷмӯъ аз 19-уми октябр то 4-уми ноябр ширкати «Тоҷик Эйр» 2700 нафар шаҳрвандони тоҷикро, ки ба адои маросими ҳаҷи имсола рафта буданд, аз шаҳрҳои Ҷидда ва Мадинаи Арабистони Саъудӣ ба шаҳри Душанбе интиқол медиҳад», – иброз дошт котиби матбуотии ширкат.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Бо назардошти ин квота имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат карданд. Тибқи маълумоти ахир, ду нафар тоҷикистониён дар макони муқаддаси ислом аз олам даргузаштанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон то маросими адои ҳаҷ барои шиносоӣ бо шароити будубоши зойирини тоҷик муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Матлубхон Давлатов ба Арабистони Саъудӣ рафта буд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.