Муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар сохтмони иншооти олимпии шаҳри Сочии Русия машғули кор буданд, ба мушкилоти пардохт нагардидани музди меҳнат дучор шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намоядгаии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, 53 нафар муҳоҷири кории тоҷик барои кӯмак дар дастрас шудани музди меҳнат ба намояндагӣ муроҷиат кардаанд.
«Зимни баррасии муроҷиат маълум шуд, ки муҳоҷирони тоҷик аз моҳи октябри соли 2012 дар ин иншоот машғули кор буда, бинобар мушкилоти молии ширкати корфармо тӯли 6 моҳи ахир дар пардохти музди меҳнат ба мушкилиҳо мувоҷеҳанд», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, пас аз муроҷиат ба мақомоти прокуратураи шаҳри Сочи ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирон оғоз кардаанд. «Айни замон 30 шаҳрванди Тоҷикистон пурра музди меҳнати худро дастрас намуда, ба ватан баргаштанд. Корфармо ваъда дод, ки ояндаи наздик қарздории боқимонда аз музди меҳнат дар ҳаҷми каме бештар аз 2 млн. сомониро пурра пардохт мекунад», – афзуд. И.Аҳмадов.



