Суғд: Ошкор шудани 254 ҷинояти коррупсионӣ дар соли равон

Соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 254 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зииддифасод дар вилояти Суғд хабар доданд, аз ин шумор 54 ҷиноят ҳамчун ҷинояти сатҳи вазнин арзёбӣ шудаааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилоят 342 чунин ҷиноят ошкор гардида буд. Маблағи […]

Мавлуда Рафиева


Соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 254 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зииддифасод дар вилояти Суғд хабар доданд, аз ин шумор 54 ҷиноят ҳамчун ҷинояти сатҳи вазнин арзёбӣ шудаааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилоят 342 чунин ҷиноят ошкор гардида буд.

Маблағи умумии зиёни расида дар соли 2013 аз ин ҷиноятҳо 21 млн. 383 ҳазору 762 сомониро ташкил додааст, ки 15 млн. 762 ҳазор сомониаш барқарор карда шудааст.

Дар робита ба ин ҷиноёт ба иттиҳоми азхудкунӣ ё камомад, қаллобӣ, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, пешниҳод ва гирифтани пора, сохтакории хизматӣ, тамаъҷӯӣ соҳибкории ғайриқонунӣ, қочоқ, саркашӣ аз пардохти андози шахсони воқеӣ ва ғайра парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ин давра ҳамчунин кормандони Агентӣ дар 174 корхонаву ташкилотҳои вилоят санҷиш гузаронида, дар натиҷа маблаги зарару талафоти гуногуни молиявӣ дар хаҷми умумии 31 млн. 532 ҳазору 543 сомониро ошкор намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат