Даъъвати HRW оид ба хотима бахшидан ба таъқибот дар Тоҷикистон


Дар изҳороти имрӯз пахшудаи созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch (HRW) зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба таъқиби намояндагони мухолифин хотима бахшида, барои баргузор гардидани интихоботи озоду рақобатнок шароит фароҳам оварад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди маҳдуд сохтани рақобат ва муколама чора андешида, номзади ягонаи воқеъӣ аз мухолифин Ойниҳол Бобоназарова бо ишора ба фишорҳо аз ҷониби ҳукуматдорон аз маъракаи интихобот ба мансаби президентӣ хориҷ шуд.

«Таъқибу лату кӯб ва дар ҳолати маҳрумият аз робита бо ҷаҳони беруна нигоҳ доштани пешвоёни нерӯҳои мухолифин таҳқир ба мафкураи интихоботи мунсифона аст. Интихобот бояд озоду мунсифона ва интихобкунандагон бояд аз ҳуқуқи воқеии озодии интихоб бархӯрдор бошанд», – гуфтааст Хю Уилямсон, директори Human Rights Watch оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Зикр мегардад, ки имрӯз дар Тоҷикистон расман 6 нафар, аз ҷумла президенти амалкунанда номзад ба мансаби президентӣ сабти ном шудаанд. «Тамоми номзадҳо президенти кунуниро дастгирӣ намуда, даъват мекунанд, ки ба ҷонибдории ӯ овоз дода шавад. Э.Раҳмон аз замони соҳибистиқлоли кишвар сари мансаб буда, ба муҳлати чоруми салтанат доватабӣ мекунад», – баён мегардад дар изҳорот.

Human Rights Watch соли ахир пурзӯр шудани таъқибот нисбати мухолифон ва фаъолони ҷомеа, таҳдидҳо ба пешвоёни мухолифин ва кӯшишҳо барои аз хориҷа истирдод гардидани рақибони сиёсӣ аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷикро таъкид сохта, ҳамчунин изҳор мекунад, ки  дар фаъолияти васоити ахбори умум низ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

«Номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ роҷеъ ба фишорҳо дар ҷараёни маърака, боздошти ҷонибдоронаш дар манотиқи гуногун, тарсонидани афроди ба тарафдории ӯ имзогузошта, таҳдид ба се нафар наздиконаш оид ба аз ҷойи кор маҳрум шудан ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва дар ҳеҷ кадоме аз ВАО-и давлатӣ инъикос нагардидани маъракаи имзоғундорӣ ба ҷонибдории худ ба созмон ибрози андеша намуд», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин ба қазияҳои боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани соҳибкори маъруф Зайд Саидов, фишорҳо тӯли соли равон болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва лату кӯб шудани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, дархости боисрори ҳукуматдорон оид ба истирдоди намояндагони мухолифин аз хориҷи кишвар, аз ҷумла собиқ нахуствазир Абдумалик Абдуллоҷонов аз Украина ва пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов аз Аморати Муттахидаи Араб ишора шудааст.

«Вашингтон, Брюссел ва шарикони калидӣ чанд ҳафта пеш бояд ба Душанбе дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва риояи меъёрҳои байнулмилалӣи огаҳии возеҳ бифиристанд ва бигузор ҳукумати Тоҷикистон бидонад, ки имрӯз тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро мушоҳида мекунад», – иброз доштааст Хю Уилямсон, директори Human Rights Watch оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ. 

spot_imgspot_img

Популярное