Хуҷанд: Ошкор шудани ҷинояти 10 сол қабли куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъор

Дар шаҳри Хуҷанд бо гузашти 10 сол ҷинояти куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъор ошкор гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, санаи 27-уми майи соли 2003 чанде аз афроди мусаллаҳ бо мақсали ғорат ва азхудкунии миқдори зиёди маблағи пулӣ, дар макрорайони 13-уми шаҳри […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд бо гузашти 10 сол ҷинояти куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъор ошкор гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, санаи 27-уми майи соли 2003 чанде аз афроди мусаллаҳ бо мақсали ғорат ва азхудкунии миқдори зиёди маблағи пулӣ, дар макрорайони 13-уми шаҳри Хуҷанд ба сӯи корманди нуқтаи мубодилаи асъор Бахтиёр Маҷидови 34-сола тир андохта, дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд. Ғоратгарон маблағи пулиро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Чанде қабл дар ҷараёни тафтиши идомадошта кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар содир гардидани ин ҷиноят ҳамсояи фавтида, Р.С.-и 33 сола, ки яке аз дастандаркорони ҷиноят маҳсуб меёбад, хеши ӯ А.Ю.-и 32-сола, сокини 37-солаи Хуҷанд А.А. бо лақаби «Азиз», ки қаблан барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудааст ва сокини 33-солаи Хуҷанд Ю.Х.-ро бозошт намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки гумонбаршудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошта, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.