Нозирони САҲА бо ҷараёни маъракаи интихоботии ҲХДТ дар Хатлон шинос шуданд

Чанде қабл роҳбари бахши ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба намояндагони гурӯҳи нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ) таҳти сарварии сафир Парсакива Бадеску дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон мулоқот орост. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, ба меҳмонон роҷеъ ба тадбирҳои анҷомёфта ва чорабиниҳои оянда дар доираи […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл роҳбари бахши ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба намояндагони гурӯҳи нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ) таҳти сарварии сафир Парсакива Бадеску дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон мулоқот орост.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, ба меҳмонон роҷеъ ба тадбирҳои анҷомёфта ва чорабиниҳои оянда дар доираи маъракаи пешазинтихоботии ҳизб маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар навбати ху П.Бадеску изҳор намуд, ки гурӯҳи нозирони САҲА аз 13 коршиноси байнулмилалии дар Душанбе қарордошта, 16 нозири дарозмуҳлат, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва 150 нозирони кутоҳмуҳлат, ки дар арафи интихобот ба Тоҷикистон меоянд, иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати гурӯҳи нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ)  аз 22 кишвари дунё нозирону коршиносон ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.