Чорабиниҳои БДА оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ҷавонон


Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ҷавонону наврасон, бахусус донишҷӯён РБДА ВКД Тоҷикистон аз 22 то 31-юми октябр як чорабинии махсус доир месозад.

Бино ба иттилои сосонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҷараёни баргузории чорабинӣ ба масъалаи  ошкор  намудани ҳолатҳои бо автомашина омадан ба дарс ва дигар қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, чоарбинӣ бо сафарбаркунии қувваю воситаҳои БДА, ҷалби васоити ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба муассисаи таълимӣ бо автомашина омадани донишҷӯён ва толибилмон манъ аст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёну толибилмон истифодаи телефони ҳамроҳ ҳангоми ҷараёни таълим низ манъ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное