Анҷоми марҳилаи 4-уми машваратҳо оид ба тарҳи нерӯгоҳи Роғун

Марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Бино ба маълуомти Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетики назди президенти ҶТ, н машварати видеоӣ дар дафтари душанбегии Бонки ҷаҳонӣ рӯзҳои 17, 18 ва 21-уми октябр баргузор шуд ва иштироккунандагон бо дафтарҳои ин ниҳоди молӣ дар […]

ASIA-Plus


Марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шахрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Бино ба маълуомти Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетики назди президенти ҶТ, н машварати видеоӣ дар дафтари душанбегии Бонки ҷаҳонӣ рӯзҳои 17, 18 ва 21-уми октябр баргузор шуд ва иштироккунандагон бо дафтарҳои ин ниҳоди молӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳам дар Вашингтону Кобул ва Париж  сӯҳбати мустақими видеоӣ барпо кардаанд.

Машварати мазкур  бо мақсади шиносоии ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои поёноб бо натиҷаи таҳқиқоти фаннии тарҳи нерӯгоҳи Роғун доир шудааст. Дар ҷараёни ин нишаст барои  намояндагони кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  ва беш аз 30 созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Алма-Ато, Остона, Ашқобод, Душанбе, Кобул ва Тошканд конфаронси видеоӣ гузаронда шудааст.

Марҳалаи чоруми машварат бо кишварҳои поёноб ба масъалаи бехатарии садди нерӯгоҳи Роғун бахшида шуда,, дар он ду гузориш шунида шуд. Яке натиҷаи корҳои геологӣ ва геотехникии таҳқиқоти садди обанбор ва обнигоҳдорӣ, дувум  – баҳогузорӣ ба рафти корҳои нерӯгоҳи Роғун, хусусан анҷоми корҳои зеризаминӣ ва сохтмону тармими нақбҳо.

Дар машварати пешина дар моҳи феврал, ки дар шаҳри Алма-Ато сурат гирифт, аз ҷумла пажӯҳиши муқаддамотии ҷуғрофиёии соҳили рости рӯдхонаи Вахш ва таҳқиқи обшиносӣ ва ё гидрологии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуда буд, ки дар он омадааст, “маҳаллу навъи садди интихобшуда, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун муносиб аст.”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.