Раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масоили байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода имрӯз бо сафири Литва дар Тоҷикистон Рокас Бертонас мулоқот анҷом дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёни парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот О.Салимзода изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Литва дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сайёҳӣ, энергетика ва нақлиёт манфиатдор буда, изҳори боварӣ кард, ки зимни дар раёсати кунунии Иттиҳоди Аврупо қарор доштани Литва муносибатҳои Тоҷикистон бо ин иттиҳод ба сатҳи сифатан баландтар мерасанд.
Ба қавли Султонов, дипломати Литва низ манфиатдории кишвараш ба воридоти хушкмева ва сабзавот аз Тоҷикистонро изҳор намудаааст. «Сафир Бертонас таъкид дошт, ки дар ҳолати аз сертификати ҳатмӣ гузаштани сабзавоту меваи Тоҷикистон, Литва дар содироти онҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон мусоидат карда метавонад», – афзуд номбурда.



