Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии Ҷумҳурии Австрия ба президенти ин кишвар Хайнс Фишер барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.
«Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт», – гуфта мешавад дар барқияи табрикотӣ.



