Ивази тақвими чемпионати футбол бинобар сабаби сафари президент ба Кӯлоб

spot_imgspot_img

Дата:


Вохӯрии давраи 8-уми Чемпионати футболи Лигаи олии мамлакат миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва КМВА «Помир»-и Душанбе, ки бояд имрӯз, 26-уми сентябр доир мегардид, ба санаи 7-уми ноябр гузаронида шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсии футболи Тоҷикистон, бинобар сабаби аз 26 то 30-юми октябр дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор шудани чорабиниҳои давлатӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Бюрои Кумитаи иҷроияи ФФТ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд вохӯриҳо миёни дастаҳои лигаи олиро ба вақти дигар мавқуф гузорад.

Ҳамин тариқ, ба иттилои манбаъ, вохӯрии «Равшан» – КМВА «Помир» аз санаи 26 октябр ба 7 ноябр, «Хуҷанд» (Хуҷанд) – КМВА «Помир» аз 9 ба 10 уми ноябр ва «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) аз 9 ба 10 ноябр гузаронида шуданд.

Ҳамчунин вохӯрии лигаи аввали чемпионат миёни дастаҳои «Ҳулбук» – ДСРТ аз санаи 25 октябр ба 4 ноябр мавқуф гузошта шуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...