Дар бинои сарпараси озмун Tcell Plaza маросими пуршукӯҳи тақдими ҷоизаҳо ба иштирокчиёни озмун бо ҷоизаи асосии iPhone5 доир гардид. Ба ҷашни блогернависон ҳамаи иштирокчиёни озмун даъват шуда буданд.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи шартҳои озмун, блогернависе, ки маводи ирсолкардааш аз ҳама бештар хонанда пайдо мекунад, ғолиби озмун дониста мешуд. Ҷойи сеюмро дар ин бахш Далер Ғуфронов ишғол намуда, ба ӯ телефони ширкати НТС тақдим карда шуд. Маводи дар блоогерҳо ҷойдодаи ӯро беш аз 33 ҳазор нафар корбарони сомона мутолиа карданд. Мақоми дуюмро бо фарогирии зиёда аз 34 ҳазор хонандагон Алексей Корчагин касб намуда, ба ӯ телефони тамғаи LG Optimus Duos супурда шуд.
Ва ниҳоят зинаи аввал ва ҷоизаи асосӣ iPhone5 ба блогнавис Мави Масаби насиб гардид, ки ба маводи навиштаи ӯ 38 ҳазор корбарони сомона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мутаассифона, ғолиби озмун дар ин маросим ҳузур надошт ва ҷоизаи асосӣ ба падари ӯ супурда шуд.
Дар номинатсияи блоги муҳим ва рӯзмарра рақами «тиллоӣ»-и ширкати сарпараст Tcell ба Мадина А. тақдим гардид. Ҷоизаи 3G модем аз ширкати Tcell барои блоги ҷолибтарин ба Умед Умаров супурда шуд. Ғайр аз ин, ба ҳамаи иштирокчиёни дигари озмун низ ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ аз ширкати Tcell ва нусхаи тозанашри маҷаллаи Vip Zone тақдим гардиданд.
«Мутаассифона, ман дар хориҷи кишвар қарор дошта, дар ин маросим иштирок карда натавонистам ва дар навбати аввал ба дастандаркорони озмун миннатдорӣ изҳор намуда, гуфтаниам, ки чунин озмунҳо хеле муфиданд, зеро барои ибрози андеша шароит фароҳам гардида, ба тавсеъаи ҷаҳонбинии одамон мусоидат мекунад», – гуфт ғолиби озмун М.Масаби.
Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба ҳамаи иштиркчиёни озмун барои саҳми фаъолона дар ин чорабинӣ самимона изҳори миннатдорӣ намуда, хотиррасон месозад, ки минбаъд низ маводи блогерҳои хонандагон дар сомона ба нашр мерасад.



