Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон орому амн аст

Айни замон вазъ дар марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон орому амн буда, таҳти назорат қарор дорад. Сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Қирғизистон ба ду чоҳи нафтӣ даъво дорад, ки феълан кори онҳо қатъ шудааст. «Марзро гурӯҳи пурзӯршудаи марзбонони тоҷик посбонӣ […]

Аваз Юлдошев


Айни замон вазъ дар марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон орому амн буда, таҳти назорат қарор дорад.

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Қирғизистон ба ду чоҳи нафтӣ даъво дорад, ки феълан кори онҳо қатъ шудааст. «Марзро гурӯҳи пурзӯршудаи марзбонони тоҷик посбонӣ мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд имрӯз комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо ба ҳаллу фасли ин масъала мепардозад.

Қобили зикр аст, ки то ҳол ҳудуди нисфи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ нашудааст.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, ба ӯ иттилоъ дода шуд, ки рӯзи 24-уми октябр як гурӯҳи беш аз 100-нафараи хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон то масофаи 500 метр ворид шуда, ин амал мухолифи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қатъи фаъолияти чоҳи нафтӣ то муайян шудани мансубияти он мебошад.

Ба сафири Тоҷикистон бо талаби таъҷилан аз қаламрави Қирғизистон хориҷ шудани марзбонони тоҷик ва даъват ба ҳаллу фасли мусолиматомези вазъи мавҷуда нотаи эътирозии ВКХ Қирғизистон супурда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.