Оқилов бо ҷараёни корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент шинос мешавад

Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аз наздик ошно мегардад. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Оқилов имрӯз ҳамчунин бо вазъи сохтмон ва фаъолияти боз як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии минтақаи шимоли кишвар низ шинос мешавад. Бинои […]

ASIA-Plus


Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аз наздик ошно мегардад.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Оқилов имрӯз ҳамчунин бо вазъи сохтмон ва фаъолияти боз як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии минтақаи шимоли кишвар низ шинос мешавад.

Бинои ба иттилои АМИТ «Ховар» дирӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Оқил Оқилов ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба замистонгузаронӣ баргузор гардид.

Сарвазири мамлакат бо натиҷагирӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ дар қаламрави вилоят изҳор дошт, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва омодагиҳои ҷиддӣ ба ин давра мушкилот ва камбудиҳои зиёд низ мавҷуд мебошад, ки барои бартараф кардани онҳо бояд тадбирҳои саривақтии иловагӣ андешида шаванд.

Оқил Оқилов махсусан аз раванди иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, пурра фаъолият накардани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва таъмин накардани нақшаи истихроҷи нафт ва гази табиӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷараёни захираи ангиштсанг ва ҳезум дар ташкилоту муассисаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин нақшаи тайёр кардани хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоятро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Нимаи дуюми рӯзи 25-уми октябр Оқил Оқилов дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд аз маҳали татбиқи лоиҳаи сохтмони такягоҳҳои асосии хати барқи баландшиддати 220 кв Қайроққум -Ашт дидан кард.

Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 22 млн. доллари ИМА амалӣ мешавад. О. Оқилов барои оғози корҳои сохтмонии иншооти мазкур ба масьулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.