Дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҷаласа аризаи 19 субъекти соҳибкорие, ки барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ муроҷиат кардаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасии муроҷиати субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷаласа, Комиссияи давлатӣ дар хусуси ба 11 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ додани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қарорҳои дахлдор қабул кард ва субъектҳои соҳибкории мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки аризаи 8 субъекти соҳибкорӣ бинобар сабаби ба қонунгузории моратория мутобиқ набудан рад карда шудааст.



