Таҷлили 95-умин солгарди комсомоли ленинӣ дар Тоҷикистон

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба муносибати 95-умин солгарди таъсиси Итттифоқи коммунистии комсомолии ленинии ҷавонон як чорабинии тантанавӣ доир карданист. Ин чорабинӣ шоми имрӯз дар қароргоҳи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор мешавад. Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз пошхӯрии […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба муносибати 95-умин солгарди таъсиси Итттифоқи коммунистии комсомолии ленинии ҷавонон як чорабинии тантанавӣ доир карданист. Ин чорабинӣ шоми имрӯз дар қароргоҳи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳам Ҳизби коммунисти ИҶШС ва ҳам Иттифоқи комсомоли ленинӣ ба як навъе ба парокандагӣ дучор шуданд. «Иттифоқи комсомоли ленинӣ ҳамчун ташкилоти мустақили ҷавонон ташкил шуда, захираи боэътимоди ҳизб маҳсуб меёфт ва дар рушди хоҷагии халқи ИҶШС ва ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги бузурги Ватанӣ саҳми босазо гузошт», – иброз дошт Талбаков.

Ба гуфтаи Талбаков, имрӯз Иттифоқи комсомоли ленинии Тоҷикистон дар сафҳои худ беш аз 13 ҳазор нафар ҷавононро муттаҳид сохта, онро Фаридун Давлатов сарварӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.