Талаби ҷуброни зарар аз Русия барои ҳамла ба қатораи Тоҷикистон

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои ҳамла ба қатораи самти Маскав-Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи ашхоси номаълуми славянитабор ҳатман ҷуброни зарари расидаро талаб хоҳад кард. Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз бозгашти қатора ба Душанбе рӯзи 30-юми октябр комиссия қатораро мавриди санҷиш қарор медиҳад. «Чунин ҳамла […]

ASIA-Plus


КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои ҳамла ба қатораи самти Маскав-Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи ашхоси номаълуми славянитабор ҳатман ҷуброни зарари расидаро талаб хоҳад кард.

Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз бозгашти қатора ба Душанбе рӯзи 30-юми октябр комиссия қатораро мавриди санҷиш қарор медиҳад. «Чунин ҳамла бо расонидани зиёни моддӣ бори аввал рух медиҳад. Аз ин рӯ, комиссия вазъи қатораро санҷида, маблағи умумии зарарро муайян месозад. Ҳамчунин ҳамаи аъзои бригада баёнот навишта, бар асоси он мо ба ҷониби Русия нотаи эътирозӣ мефиристем ва ҷуброни зарарро талаб мекунем», – гуфт манбаъ.

Дар корхона аз сурат гирифтани чунин ҳамла маҳз ба қатораи Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб мекунанд. «Ман мушаххасан гуфта наметавонам, ки чаро як гурӯҳи 20-нафара ба қатораи мо ҳамла кардааст. Шояд ин ба тақвияти рӯҳияи зидди муҳоҷират дар Русия рабт дошта бошад», – мегӯяд ҳамсуҳбат.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи 20-нафараи ашхоси славянитабор

мавриди ҳамла қарор гирифт.

Дар натиҷа 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.