Шоми санъати тоҷик дар шаҳри Генти Белгия


Рӯзи 9-уми ноябри соли равон дар шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия таҳти сарпарастии муштараки сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳрдории Гент баргузории шоми санъати тоҷик ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Гент яке аз шаҳрҳои қадимтарини Аврупо буда, дар даврони шоҳаншоҳии Руми қадим бунёд ёфтааст. Ҳоло, Гент яке аз марказҳои бузургтарини саноатӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатии Аврупо аст. 

Дар ҳошияи чорабинии мазкури фарҳангӣ консерт бо иштироки овозхони машҳури тоҷик Давлатманд Холов ва намоишгоҳи либосҳои тоҷикии чакан ва сӯзанӣ барпо мегарданд.

Дар чорабинии номбурда, ки ба 22-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-умин солгарди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, зиёда аз 300 нафар ширкат хоҳанд варзид, ки бештари онҳо зиёиён, санъатшиносон, олимони донишгоҳҳои маъруфи аврупоӣ, ҳайати дипломатии муқими Белгия, намояндагони воситаҳои ахбори умуми бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ва диаспораи тоҷик мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное