Шоми санъати тоҷик дар шаҳри Генти Белгия

Рӯзи 9-уми ноябри соли равон дар шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия таҳти сарпарастии муштараки сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳрдории Гент баргузории шоми санъати тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки Гент яке аз шаҳрҳои қадимтарини Аврупо буда, дар даврони шоҳаншоҳии Руми қадим бунёд ёфтааст. Ҳоло, Гент яке аз марказҳои бузургтарини саноатӣ, фарҳангӣ […]

ASIA-Plus


Рӯзи 9-уми ноябри соли равон дар шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия таҳти сарпарастии муштараки сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳрдории Гент баргузории шоми санъати тоҷик ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Гент яке аз шаҳрҳои қадимтарини Аврупо буда, дар даврони шоҳаншоҳии Руми қадим бунёд ёфтааст. Ҳоло, Гент яке аз марказҳои бузургтарини саноатӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатии Аврупо аст. 

Дар ҳошияи чорабинии мазкури фарҳангӣ консерт бо иштироки овозхони машҳури тоҷик Давлатманд Холов ва намоишгоҳи либосҳои тоҷикии чакан ва сӯзанӣ барпо мегарданд.

Дар чорабинии номбурда, ки ба 22-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-умин солгарди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, зиёда аз 300 нафар ширкат хоҳанд варзид, ки бештари онҳо зиёиён, санъатшиносон, олимони донишгоҳҳои маъруфи аврупоӣ, ҳайати дипломатии муқими Белгия, намояндагони воситаҳои ахбори умуми бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ва диаспораи тоҷик мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.