Анонс
– Ширкати «Мегафон» хоҳишмандонро ба экскурсия дар Маркази робита (Контакт-Центр) даъъват мекунад. Чорабинӣ соати 10:00 дар дафтари асосии ширкат бо суроғаи: кӯчаи Ҳувайдуллоев 73/2 оғоз мегардад;
– Дар меҳмонхонаи «Hyatt Bishkek Regency» соати 08:45 конфронси дурӯзаи байнулмилалӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти бахши энергетика» ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори конфронс нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев ширкат меварзад;
– Дар доираи мусобиқоти Лигаи олии футболи мамлакат дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб вохӯрии дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Истаравшан» (Истаравшан) баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 15:00.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7725
сомонӣ;
1
евро
– 6.6106
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1505
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1941
– Зодрӯзи овозхони тоҷик Гулчеҳра Содиқова.
1953
– Мавлуди мусиқишинос ва овозхон Азизуллои Шариф.
Вазъи обуҳаво
Дар
вилояти
Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии 2000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии 2000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
баъзан боришот (борон, барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +9+14; дар шарқи вилоят шабона -7-12, рӯзона 0+5.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.



