Хадамоти алоқа Қасри варзиши Кӯлобро ба истифода супурд

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо иштироки сарвари давлат нахуст се корхонаи истеҳсолӣ, ки ба тавлиди сангу шағал, асфалт, бетон ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, коркарди аввалияи пахта, бастубанди гиёёҳҳои шифобахшу меваи хушк машғуланд, ифтитоҳ ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сипас аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба 328 ятими кулл аз 7 […]


Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо иштироки сарвари давлат нахуст се корхонаи истеҳсолӣ, ки ба тавлиди сангу шағал, асфалт, бетон ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, коркарди аввалияи пахта, бастубанди гиёёҳҳои шифобахшу меваи хушк машғуланд, ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сипас аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба 328 ятими кулл аз 7 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ва 10 ҷуфти навхонадорону  150 кӯдаки хатнашаванда аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ва бинои сеошёнаи мақомоти маҳаллии 5 бахши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар кӯчаи Шоҳини шаҳри Кӯлоб як меҳмонхонаи муосир ва қасри бошукӯҳи варзишӣ ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ оғоз бахшида шуд. Ин иншоот бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ сохта шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи муосири чорошёнаи дорои 50 ҷойи хобро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми он мағозаи супермаркет ва ошхона ҷой гирифтааст.

Дар се ошёнаи дигар утоқҳои хоб мавҷуданд, ки барои 50 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар ин бино, ки бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар миёни меҳмонхона ва қасри бошукӯҳи варзишӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони қасри болопӯшидаи намудҳои обии варзиш оғоз бахшида шуд. Тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар ба кори доимӣ ҷалб мегарданд. Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии ин бино 50х16 метр хоҳад буд, ки ба стандартҳои ҷаҳонии ин соҳа мутобиқ мебошад.

Тавре зикр гардид, ин қаср бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дорои толори асосӣ бо 3,5 ҳазор ҷойи нишаст, толорҳои хурди обутоби бадан алоҳида барои занон ва мардон, толори теннису бозиҳои мухталифи рӯйимизӣ ва дигар толору утоқҳо мебошад.

Дар ин иншооти зебои варзишӣ беш аз 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар маҷмӯъ дар меҳмонхона, қасри шиноварӣ ва қасри варзиш, ки ҳарсе бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Хадамоти алоқаи кишвар ва дигар муассисаҳои ин соҳа бунёд ёфтааст, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳазорон нафар сокинону меҳмонони Кӯлобшаҳри бостонӣ аз онҳо баҳра мебаранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, хадамот танҳо ба сохтмон ва таҷҳизонидани Қасри варзиши шаҳри Кӯлоб маблағгузорӣ намуда, сохтмони чор иншооти дигари таҳти назорати Хадамоти алоқа қарордоштаро ширкатҳои хусусӣ сармоягузорӣ кардаанд. Интизорӣ меравад, ки хадамот дар сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёна дар шаҳри Кулоб ва ҳавзи шиноварии болопӯшида низ саҳм хоҳад гирифт, ба сохтмони онҳо рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта расман оғоз бахшида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.